Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 3 ҷангӣ ва ҳалокати якеи дигар дар Рашт


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, тайи 2 рӯзи охир дар як амалиёт дар минтақаи Шӯлмаку Сангималикии ноҳияи Рашт 3 тан аз ҷангиёни марбут ба гурӯҳҳои Аловиддин Давлатов ва Мулло Абдулло Раҳимов дастгир ва як тани онҳо кушта шуданд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба РО гуфт, нафари кушта шуда сокини 22-солаи ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод Раҳимов Зиёмаҳмад буда, боздоштшудагон аз навоҳии Турсунзодаву Рашт ва аз шаҳри Исфара мебошанд. САДО Амалиёти вижаи алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар ноҳияи Рашт беш аз 1 моҳ боз идома дорад.
XS
SM
MD
LG