Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул мехоҳад бо Толибон дар Саудия музокирот кунад


Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аз Арабистони Саудӣ хостааст, дар талошҳо барои оштӣ бо Толибон саҳм бигирад.
Қиёмуддин Кашшоф, сухангӯи ин ниҳоди 70-нафарӣ гуфт, Саудия метавонад як макони муносиб барои баргузории музокироти сулҳи давлати Афғонистон бо Толибон бошад.
Ӯ гуфт, дар сурати нокомии музокироти муқаддамотӣ, подшоҳи Саудӣ амир Абдуллоҳ бояд дахолат кунад ва дар ташвиқи ин гуфтугӯҳо нақши раҳбариро ба худ бигирад.
Арабистони Саудӣ аз ангуштшумор кишварҳоест, ки бо ҳукумати Толибон дар солҳои 90 равобит барқарор карда буд.
Кобул эътироф карда, ки алакай бо фармондеҳони толиб гуфтугӯҳое доштааст. Аммо Толибон ҳар навъ ширкати намояндагони худ дар чунин музокиротро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG