Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи Сахаров ба Фаринас эъто шуд


Парлумони Аврупо ҷоизаи мӯътабари ҳуқуқи башарашро, ки ба номи академик ва дигарандеши маъруфи шӯравӣ Андрей Сахаров аст, имсол ба дигарандеши кубагӣ Гиллермо Фаринас эъто кард. Ин хабарнигор ва равоншиноси 48-сола 11,5 солро дар кунҷи зиндон ба сар бурда, ба нишони эътироз ба режими коммунистии ҳоким дар Куба 23 дафъа эълони гуруснанишинӣ кардааст.
Раиси парлумони Аврупо Йержи Бузек гуфт: "Гиллермо Фаринас омода буд ба хотири тағйирот дар Куба саломатӣ ва ҳаёти худро қурбон кунад. Ӯ алайҳи камбуди озодии баён дар Куба гуруснанишинӣ карда, барои ҳамаи онҳое, ки дар фикри озодӣ, ҳуқуқи башар ва демократияанд, умед медод.”
Маросими эътои ҷоизаи Сахаров рӯзи 5 декабр дар Страссбурги Фаронса доир мешавад. Маблағи ҷоиза, ки Ҷоизаи озодии баён ном дорад, 50 000 евроро ташкил дода, он соли 1988 аз сӯи парлумони Аврупо таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG