Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба корпартоии боз ҳам густарда дар Фаронса


CGT- яке аз бузургтарин ташаккулҳои иттифоқҳои касабаи Фаронса ба як корпартоии боз ҳам густарда дар ҳафтаи оянда алайҳи барномаи аз 60 ба 62-солагӣ боло бурдани синни нафақа даъват кард. Эътирозҳо алайҳи ин барнома дар Фаронса 10 рӯз боз идома дошта, камбуди маводи сӯхт дар сӯхтфурӯшиҳо, тазоҳуроту роҳбандӣ ва ба дунболи ба эътирозҳо пайвастани донишҷӯён мавҷи хушунатҳоро ҳам ба ҳамроҳ дорад.
Аммо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, гуфтааст, аз иҷрои ин барнома даст намекашад. Раъйгирии ин пешниҳод дар Сенат дар охири ҳафтаи ҷорӣ дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG