Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду нафар дар даргирии Исфара


Имрӯз дар ҷараёни як амалиёти вижаи мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд як марду як зани ҷавони гумонбар ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) кушта шудаанд.

Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара мегӯяд, амалиёти якҷояи ниҳодҳои интизомиву амниятӣ дар рустои Чилдухтарон ноҳияи мазкур барои боздошти Мухтасар Мррамонова ва Насимҷони Акрамо роҳандозӣ шуда буд. Аммо чун онҳо муқобалати мусаллаҳона нишон доданд, ҳадафи тир қарор гирифтанд.

Ба маълумоти кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Мухтасар Мирамонова ва Насимҷони Акрам ҳарду 25-сола буда, аммо дар бораи фаъолияти онҳо дар ҲИУ ва муносибати хешутабории онҳо чизе гуфта нашудааст.

Иттиҳоми кушташудаҳо

Мақомот Насимҷони Акрамро ташкилкунандаи аслии таркиши бинои шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар шаҳри Хуҷанд ва Мухтасар Мирамоноваро ҳамсари яке аз раҳбарони гурӯҳи ҲИУ дар вилояти Суғд – Расул Охунов унвон кардааст.

Расул Охунов дар 4 соли пеш барои ҳамдастӣ дар ҳамла ба боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қайроқум муттаҳам шинохта шуда, зимни амалиёти якҷояи ниҳодҳои тоҷику қирғиз дар вилояти Уши Қирғизистон кушта шуда буд.

Кумитаи амният мегӯяд, дар маҳали Чилдухтарони Исфара 2 силоҳи худкори Калашников, 5 тирдон бо 200 тир, 1 туфангчаи Макаров, як норинҷак ва дигар навъ тирҳо ошкор ва мусодира кардааст.

Нақли шоҳидон

Як шоҳиди айнии ин ҳодиса аз шаҳри Исфара дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз шоми гузашта низомипӯшон дар маркази шаҳр рехта, садои тирпарронӣ сокинонро ноором мекард.

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи мусоҳибам, вазъ ором, вале афроди низомипӯш дар канори роҳҳо зиёд ба чашм мерасад.

Ин бори аввал нест дар Исфара миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афроди таҳти ҷустуҷӯ ба гумони узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон даргирӣ рух медиҳад.

Як сол пеш сардори бахши кофтукови ҷиноии милисаи Исфара – Саидумар Саидов аз тири як фарди муттаҳам ба узвият ба ҲИУ дар назди манзилаш ҷони худро аз даст дода буд.

Муқовимат ба пулис

Аммо барои бори аввал аст, ки дар ҷараёни боздошт як зан ба милиса муқовимати мусаллаҳона нишон дода, кушта мешавад.

Коршинос Неъматуллоҳи Мирсаид инро баёнгари эътирози як зан аз ниҳодҳои қудратӣ меҳисобад, ки дар солҳи ахир ҳангоми бархӯрд бо нафарони гумонбар ва таҳти ҷустуҷӯ аз шадидтарин шева кор мегиранд ва гоҳе ҳам онҳоро ҳадафи тир қарор медиҳанд.

Вай мегӯяд: ”Мо ҳарчанд инро пинҳон медорем, аммо ноустувории авзоъи ҷомеа ва мавҷуд будани эътироз дар қаъри ҷомеаро эътироф кард. Ва мо намедонем он чи гуна ифода меёбад.”

Аммо кушта шудани як зан аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба ақидаи мусоҳибам, дар ҷомеа вокунишҳои манфӣ нисбат ба кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва роҳу усулҳои муборизаи онҳо алайҳи афроди гумонбар ба узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои тундравро ба бор хоҳад овард.

Ҳамдастии занон бо ҲИУ

Дар се соли пеш дар Исфара се зан, ки шавҳарони дар таҳти ҷустуҷӯ қарор доштаашонро пинҳон дошта, бо обу ғизо таъмин мекарданд, низ бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт, сипас аз рӯи қонуни афв озод карда шуданд. Яке аз онҳо - Мухтасар Мирамонова, ҳамсари Расул Охунов буд, ки ин бор дар ҷараёни амалиёт кушта шуд.

Дар канори ин, баъд аз як моҳи таркиши Хуҷанд мақомоти тафтишотӣ гуноҳи роҳандозии онро бар дӯши нафари ҳадафи тир қароргирифтаи дигар аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ - Насими Акрам – сокини Исфара гузошт. Дар ҳоле ки то кунун созмондиҳандаи ҳамлаи интиҳорӣ дар Хуҷанд Акмал Каримов – сокини шаҳри Истаравшан ва истиқоматкнундаи Хуҷанд ном бурда мешуд.

Ҳамакнун эълони он фарзияи нав, ки таркиши Хуҷандро сокини Исфара тарҳрезӣ кардааст, норӯшаниҳо дар атрофи ин ҷинояти пуровозаро бештар мекунад.
XS
SM
MD
LG