Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду нафар дар даргирии Исфара


Имрӯз дар ҷараёни як амалиёти вижаи мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд як марду як зани ҷавони гумонбар ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) кушта шудаанд. Хабаргузории расмии “Ховар” бо такя ба дафтари матбуоти кумитаи амнияти миллӣ афроди кушташударо Акрами Насимҷон ва Мухтасар Мирамонова, ҳарду сокини 25-солаи шаҳри Исфара ва аз аъзои фаъоли ҲИУ ном бурдааст. Бино ба хабарҳо, ин ду тан ба нирӯҳои интизомӣ муқовимат нишон додаанд. Аз маҳалли амалиёт дар мавзеъи Чилдухтарони ноҳияи Исфара 2 мусалсали Калашников, як туфангчаи Макаров ва як теъдод тиру норинҷак ва муҳимоти дигари ҷангӣ кашф ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG