Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон: "Мо роҳкори пурмӯъҷизае дар даст надорем"


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, кадом “роҳкори пурмӯъҷиза”-и хатми низоъи байни фаластиниҳову исроилиҳо вуҷуд надорад, вале талоши шадид дар ниҳоят метавонад бор биорад. Хонум Клинтон дар мулоқот бо як гурӯҳи ҳомиёни фаластиниҳо дар Вошингтон гуфт, ҳарду раҳбар – ҳам сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва ҳам раҳбари ташкилоти худгардон Маҳмуд Аббос – ҷонибдори роҳи ташкили ду давлат мебошанд. Клинтон гуфт: "Мо аз ҳарду ҷониб даъват мекунем аз ҳар навъ амале, ки бовариро аз байн мебарад ваё натоиҷи музокиротро зери суол мегузорад, худдорӣ кунанд.”
Фаластиниҳо музокироти мустақими сулҳро дар пайи аз идомаи мораторийи шаҳраксозиаш дар сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Урдун даст кашидани Исроил мутаваққиф карданд. Ин музокирот бо миёнҷигии Амрико дар авоили моҳи сентябр шурӯъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG