Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо дар Фаронса


Эътирозгарон дар Фаронса имрӯз барои муддати кӯтоҳе роҳи фурудгоҳи шаҳри Марселро масдуд карданд. Эътирозҳо алайҳи барномаи давлати ҷиҳати аз 60 ба 62-солагӣ боло бурдани синни нафақа дар Фаронса идома дорад. Ба далели бастани роҳи даромад ба корхонаҳои тасфияи маводи сӯхт ва амборҳо чаҳоряки сӯхтфурӯшиҳои кишвар феълан бе маводи сӯхт мондаанд. Донишҷӯён ҳам ба эътирозҳо пайвастаанд ва ба дунбол мавориди хушунат дар канораҳои Порис ва дар Лион мушоҳида шудааст. Ситораи поп Ледӣ Гага ду консерташ дар Порисро лағв карда, иттифоқҳои касаба мехоҳанд, ки давлат аз қасди худ пас бигардад. Аммо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ барномаи боло бурдани синни нафақаро дар роҳи муқобила бо касри будҷа ва коҳиши қарзҳои давлатӣ муҳим хонда, гуфтааст, аз иҷрои он даст нахоҳад бардошт.
Раъйгирии ин барномаи ислоҳот дар Сенати Фаронса барои поёни ҳафтаи ҷорӣ барномарезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG