Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси "Кумитаи 29 сентябр" дар Душанбе


Имрӯз сардабирони як идда аз нашрияҳои мустақили чопи Душанбе ҳамроҳ бо созмонҳои ҳуқуқиву дифоъ аз матбуот Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи касбии хабарнигорон бо номи “Кумитаи 29 сентябр”-ро таъсис додаанд.
Ҳадафи ин кумита барқарор кардани сатҳи қаблии озодии баён дар кишвар ва ҳамоҳанг сохтани талошҳо ба манзури оддӣ сохтани вазъи буғранҷшудаи матбуот гуфта мешавад.
Исми ин ниҳод – “Кумитаи 29 сентябр”- аз таърихи рӯзе гирифта шудааст, ки дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетии дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла avesta.tj, tjknews.com, ferghana.ru ва centrasia.ru масдуд шуд. Ҳамин тавр, тайи 2 ҳафтаи охир 3 нашрияи мустақили чопи Душанбе – “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” аз нашр бозмондааст.
“Кумитаи 29 сентябр” алакай дар Интернет сомонаи вижае бо номи http://tjk29.livejournal.com/ боз кардааст.
XS
SM
MD
LG