Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ шӯртар мешаванд, ки дар оянда метавонанд, зиндагии мардуми минтақаро талхтар кунад.

Мусоҳиба бо Володимир Стародубтсев, профессори Донишгоҳи улуми муҳити зистии Украина:

Володимир Стародубтсев: Аз соли 2000-ум шӯршавии оби дарёҳои Осиёи Марказӣ суръат гирифт, аммо на ба мисли солҳои шӯравӣ, вале ба ҳар сурат ҷараён дорад. Яъне аз соли 2001 то соли 2010, оби рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла рӯдхонаҳои Қазоқистон, Ӯзбакистон, Туркманистон шӯртар шуданд, аммо на ба андозаҳои ваҳшатноке, ки солҳои 1970 ва 1980 дар замони шӯравӣ буд. Масалан дар рӯдхонаи Сир дар солҳои 90-ум, шӯршавии об солона ба ҳисоби миёна 2 грам дар 1 литр буд, дар баъзе аз мавсимҳои алоҳида масалан дар тобистон 3 грам дар як литр буд, ки ин шӯршавии бисёр вазнин ва бад аст. Ҳоло мизони шӯршавӣ дар рӯди Сир яку аз даҳ се ва ё якуним грамро дар ҳар литрро ташкил медиҳад. Дар рӯдхонаи Ому низ вазъ ҳамингуна аст, яъне назар ба солҳои 1990 беҳтар аст, вале ба ҳар сурат хатарнок мешавад. Дар маҷрои поёнии рӯди Зарафшон низ об ба таври чашмгир шӯр мешавад. Яъне раванд бисёр хатарзо шуда ва таваҷҷӯҳи ҷиддиро тақозо мекунад.

Радиои Озодӣ: Яъне вайроншавии таркиби об танҳо дар маҷрои поёнии рӯдхонаҳо сурат мегирад, дар минтақаҳои болоӣ об покизатар аст?

Володимир Стародубтсев: Дар кӯҳистонҳо табиатан об тоза аст, вале дар поёнтар, масалан дар рӯдхонаи Зарафшон мушкилоти байналмилалӣ шурӯъ мешавад, чун кишварҳои минтақа ҳар яке оби онро мегиранд. Рақобат барои обу истифодаи беш аз ҳадди он сабаби шудааст, ки дар маҷрои поёнии Зарафшон, дар воҳаи маъруфи Бухоро шӯршавии об зиёд аст ва заминҳои бисёр ҳам бисёр шӯра задаанд. Ҳатто дар аксҳои моҳвораӣ дида мешавад, ки заминҳои шӯразада ва кӯлҳои шӯр фавқуллода зиёданд. Вале бояд гуфт, ки имсол истисно аст, чаро ки бар асари боронгариҳои зиёд дар баҳору тобистон, маҷрои рӯдхонаҳо бузург шуданд ва вазъ як каме беҳтар шуд. Аммо дар тӯли даҳсолаҳо, вазъ бисёр бад шуд ва дар аксҳои моҳвораӣ ба хубӣ метавон дид, ки шӯразаминҳо воҳаи Бухороро дар ҳалқа мегирад ва ба тадриҷ ба он ворид мешавад. Агар рӯдхонаҳоро муқоиса кунем, вазъи аз ҳама бадтар дар маҷрои поёнии рӯдхонаи Сир дар Қазоқистон ва дар маҷрои поёнии Ому дар Ӯзбакистон ба чашм мерасад.

Радиои Озодӣ: Аммо омилҳои бадшавии сифати об дар ин гӯшаи хушку сераҳолии курраи Замин кадом аст?

Володимир Стратодубстев: Як омили аслӣ, обёрӣ дар ҳамвориҳои доманакӯҳҳо аст, ки баъди таровиш ба дигарбора ба маҷрои рӯдхона пайваста ва дар маҷрои поёнӣ шӯршавиро бадтар мекунад. Омили дуввум, истифодаи беш аз ҳадди об барои обёрӣ дар водиҳо аст ва партоби оби заҳкашҳо ва обҳои изофӣ ба рӯдхонаҳо аст. Дар водии Фарғона ин раванд бисёр зиёд мушоҳида мешавад ва ҳамингуна дар тамоми имтидоди рӯдхонаҳои Сиру Ому. Омили дигар бунёди обанборҳо аст, ки аз соҳилҳои онҳо батадриҷ намак ба обанбор ворид шуда, сипас ба рӯдхонаҳо мерезад. Дигар аз омили шӯршавии тақсими рӯдхона, ба шохаҳо ва тунукоб шудани онҳост. Дар ин марҳила об ҳарчӣ бештар бухор мешавад ва намакҳо низ дар таркиби об афзоиш меёбанд.

Радиои Озодӣ: Шӯр шудани об ва афзоиши дигар минералҳо дар таркиби оби рӯдхонаҳо барои Осиёи Марказӣ, ки мардуми зиёди кишоварз дорад, чӣ паёмад хоҳад дошт?

Володомир Стародубстев: Барои арсаи кишоварзӣ ин як мушкили бисёр ҷиддӣ эҷод мекунад, зеро мавҷудияти яку аз даҳ ду грам намак дар таркиби як литр об барои обёрии зироатҳо номувофиқ аст ва ҳосили онҳоро кам мекунад. Агар дар таркиби ҳар литр об ду грамм намак бошад, аслан барои обёрии зироатҳо тавсия дода намешавад, зеро ҳосили зироат ва ҳам сифати маҳсулот бад мешавад. Гузашта аз ин замин ба андозае шӯра мезанад, ки дигар қобили кишт намешавад. Барои мардуми манотиқи поёноб паёмади бисёр ваҳшатнок он аст, ки он обро наметавонанд барои чизе истифода кунанд. Онгуна, ки дар солҳои 90, дар маҳалҳои поёноби рӯдхонаҳои Сир ва Омӯ буд. Вазъи бадтар аз ин, дар маҳалҳои поёноби рӯдхонаи Чу буд, ки маҷрои ягона надошт ва ба шохаҳо тақсим шуд ва дар он мизони намак дар ҳар литр об, даҳ грамро ташкил медод, ки чунин об ба ҳеҷ дарде намехӯрад. Яъне ин равандҳои бисёр хатарноке аст, ки бояд аз ҳамин ҳоло пеши роҳи онҳоро гирифт, то ба миқёсҳои азимтар нарасанд.

Радиои Озодӣ: Пас метавон гуфт, ки шӯршавии оби рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ метавонад, ҳоли мардуми зиёдеро дар минтақа бад кунад?

Володимир Стародубтсев: Мо то кунун чунин таҷрибаи талхро доштем. То соли 1990 майдонҳои азиме дар ҳавзаҳои поёнии рӯдхонаи Сир шӯра заданд ва обёрӣ ҳам дар онҷо мушкил шуд. Мардум онҷоро тарк карданд, зеро об намерасид, обёриву кор мушкил шуд ва ҳазорон нафар муҳоҷир шуданд. Вазъи бисёр бад дар Қарақалпоқистон буд. Яъне шароит барои зиндагии мардуми ин маҳалҳо номувофиқ мешавад. Дигар ин, ки майдонҳои зиёде шӯра мезанад ва раванди хатарноки дигаре шурӯъ мешавад. Яъне намаки майдонҳои шӯразада ба ҳаво бархоста ба манотиқи ҳамсоя мерезанд ва барои аҳолӣ, олами набототу ҳайвонот мушкил офарида ва заминҳои он манотиқро ҳам шӯр мекунанд.

Радиои Озодӣ: Аммо чӣ бояд кард, то роҳи ин раванд гирифта шавад?

Володимир Стародубтсев: Пеш аз ҳама бояд таркиби иқтисоди ин кишварҳоро тағйир дод. Яъне зарур аст, то навъҳои зироатҳое, ки кишт мешавад, дигар кард. Аз ҷумла бояд кишти шолӣ ва навъҳои обталаби пунбадонаро камтар кард. Дигар роҳи ҳал, истифода аз технологияҳои нави обёрӣ аст, ки сарфи беҳудаи обро кам мекунанд. Чунин фанновариҳоро дар Исроил, Амрико ва Африқои Ҷанубӣ истифода мебаранд ва бо истифодаи пурсамари об, ҳосили зиёд ҳам ба даст меоранд.
XS
SM
MD
LG