Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия баста шуд


Додгоҳи олии Русия Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия, бузургтарин ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро баст. Дастури манъи фаъолияти Иттиҳоди тоҷикистониҳо бо дархости вазорати адлияи Русия сурат гирифта, ин вазорат ин ҷамъияти муҳоҷирони тоҷикро дар нақзи қонунҳо айбдор мекунад.
Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия ин тасмими додгоҳро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ номид.
Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия соли 2007 таъсис ёфта, 42 ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро муттаҳид мекард.
Ҳамасола то 1 миллион нафар аз нирӯи кории Тоҷикистон худро ба бозори кори Русия мезанад. Пуле, ки ин муҳоҷирон ба ватан мефиристанд, дар ҳудуди 2 миллиард доллар дар сол давр зада, ба ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ, қариб 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG