Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 5 зина поин шуд ва бо 112 имтиёз, дар ҷои 150-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ танҳо аз Қирғизистон пеш аст. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ 15 зина боло - 10-ум шуд.

Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: ҷои 35-ум (26-ум буд) Укроин. 42 (55) Беларус. 48 (42) Литва. 60 (105) Арманистон. 72 (68) Латвия. 74 (85) Эстония. 75 (89) Гурҷистон. 78 (80) Молдова. 91(102) Озарбойҷон. 96 (97) Узбакистон. 137 (126) Қазоқистон. 142 (129) Туркманистон. 150 (145) Тоҷикистон. 173 (159) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони ҷаҳон, дар феҳристи навини FIFA бо 1881 имтиёз мисли пешин дар ҷои аввал аст. Ҳолланд, барандаи медали нуқраи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, бо 1683 имтиёз дар ҷои дуввум ва Бразил бо 1493 имтиёз дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Олмон, Аргентина, Инглистон, Уругвай, Португол, Хорватия ва Русия ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 мунтахаби кишварҳои Осиё дар ҷои 28-ум қарор дорад. Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА: 1. Австралия (дар ҷаҳон – 21-ум). 2.Ҷопон (30). 3.Кореяи Ҷанубӣ (40). 4.Эрон (61). 5.Арабистони Саудӣ (71). 6.Баҳрайн (84). 7.Чин (89). 8.Ироқ (94). 9.Урдун (95). 10.Уммон (96). 10.Узбакистон (96).

Бояд тазаккур дод, натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Феҳристи навбатии FIFA 17-уми ноябри соли 2010 нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG