Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи чаҳоршанбе, хонандагон ва алоқамандони ҳафтаномаву нашрияҳо дар дӯконҳо ва растаҳои газетафурушии пойтахт, ҳафтаномаи мустақили чопи Душанбе «Нигоҳ»-ро дарёфт карда натавонистанд. Ҳар чаҳоршанбе, “Нигоҳ" мисли дигар ҳафтаномаҳо ба дасти хонандагон мерасид.

Рузи панҷшанбе низ хонандагон «Нигоҳ»-ро пайдо накарданд. Ба ин тартиб, пас аз ба чоп нарасидани ҳафтаномаҳои хусусии дигар «Фараж» ва «Пайкон», акунун шумори нашрияҳои аз чоп монда ба се адад расид.

Ҳафтаномаи "Нигоҳ" ба чоп нарасид

Саймиддин Дӯстов, муасcиси ҳафтаномаи хусусии "Нигоҳ" аз шарҳи дар чопхонаи хусусии "Интишор" ба чоп нарасидани «Нигоҳ» худдорӣ кард ва хеле кӯтоҳ «но коммент» ҷавоб дод.

Масъули чопхонаи «Интишор» Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон дар робита ба нашр нарасидани «Нигоҳ» гуфт, ки аз ин ба баъд тасмим гирифта шуд, ки танҳо нашрияву ҳафтаномаҳои марбут ба ҶДМ «Чархи Гардун»-ро ба чоп хоҳанд расонд.

Акбари Саттор амру дастури кадом мақомотро дар мавриди ин, ки «Нигоҳ» ба нашр нарасадро рад кард ва гуфт ин танҳо масъалаи иқтисодӣ аст. Интизор мерафт чопхонаи "Шарқи Озод" ин ҳафтаномаро ба табъ мерасонд, вале тибқи иттилои як манбаъ, масъулони ин интишорот ҳам аз чопи он худдорӣ кардаанд.

Идораи нашрияи «Нигоҳ» бо пахши як баёнияи матбуотӣ, 20 октябр хабар дод, ки фаъолияти ҳафтанома ва сомонаи «Tojnews” аз санҷиши мақомоти Андози кишвар бомувафақият гузаштааст. Ва ба буҷаи кишвар ҳамаи навъҳои зарурурии молиётро пардохтааст.

Вале суоли аслӣ ин аст, ки чаро ин ҳафтанома ба сарнавишти "Фараж" ва "Пайкон" рӯ ба рӯ шуд?

Фишор ба матбуоти мустақил афзудааст

Раиси Анҷумани милии расонаҳои Озоди Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ки дар ҷомеа як фазои тирае ба вуҷуд омадааст, ки ҳар ҳафта бими чоп нашудани кадом нашрияи мустақилро ба вуҷуд овардааст.

«Бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, пеши чопу нашри ҳафтаномаҳои мустақил, ки роҷеъ ба вазъи кишвар назару пешниҳодоти мухталиф ироа мекунанд, гирифта мешавад. Агар вазъ ҳамингуна идома кунад, оқибати хуб барои матуботи мустақил надорад».


Дар ҳамин рӯз, яъне 20 октябр як гурӯҳи кормандони умури дохила ба назди масъулони чопхонаҳои мустақил омада ба мавзӯъи мақолаҳои рӯзномаҳо таваҷуҳ кардаанд, ки мабодо кадом мақолаи танқидӣ ба чоп нарасад.

Талош барои бақо

Дар ҳоли ҳозир масъулони ҳафтаномаҳое, ки аз чоп мондаанд ба мисли «Пайкон» ва «Фараж» талош доранд нусхаҳои матни нашрияҳоро дар саҳифаҳои интерент ҷо кунанд ва хонандагонро аз матолиби худ огоҳ созанд.

Ҷумъабой Толибов, сардабири «Пайкон» мегӯяд, cаъй доранд, ки шумораҳои ҳафтаномаро дар блоги wordpres.com пешкаши хонандагон кунанд.

Хуршеди Атовулло, сардабири «Фараж» низ тасдиқ намуд, ки дар паи таъсиси сомонаи интернетии «Фараж» мебошад.

Ҳоло суоли аслӣ ин аст, ки дар зарфи ду ҳафтаи ахир, се ҳафтаномаи мустақили бонуфуз ва пурхонандатарини Тоҷикистон- «Фараж», "Пайкон" ва «Нигоҳ» бо баҳонаҳои мухталиф ва сарпечиҳои масъулони чопхонаҳои мустақил ва давлатӣ аз чоп мондаанд, ки то кунун рӯшан нест дастандаркор ва фармоишгари аслии ин саҳна кадом мақом ё кадом нерӯ мебошад.

То ҳол мақомоти масоили матуботи ҳукумати Тоҷикистон аз пеш омадани чунин вазъият изҳори бехабарӣ мекунанд.

Элза Видал, масъули умури Осиёи Марказӣ ва Аврупо дар созмони байналмилалии Хабарнигорони бидуни марз, вазъи ахири Тоҷикистон дар робита ба матбуотро шарҳ дода гуфт, ки дар асл, вазъи куллии Тоҷикистон назар ба нишондодҳои ин созмон дар индекси нашршудаи озодии матбуот ба маротиб бадтар аст, чунки мақомот чунин имкониятҳои фишорро истифода мекунанд, ки намояндагони матбуот барои ҳимояи худ ҳатто дар хориҷа пуштибон намеёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG