Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Арабистони саудӣ силоҳу техникаи ҳарбӣ мефурӯшад


ИМА иттилоъ дар бораи созиши фурӯши миқдори бузурги силоҳу техникаи низомӣ ба Арабистони саудиро расман таъйид кард. Маблағи умумии қарордод 60 миллиард долларро ташкил медиҳад ва ин, ба гуфтаи коршиносон, бузургтарин қарордоди хариду фурӯши силоҳ дар таърихи Амрико маҳсуб мешавад. Интизор меравад, ки Вошингтон ба Ар-Риёз 84 ҳавопаймои низомии F-15, беш аз 150 чархболи низомӣ, мушакҳои замонавӣ, радар ва дигар силоҳу техникаи низомиро фурӯшад.
XS
SM
MD
LG