Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Думаи Маскав мири нави шаҳрро интихоб мекунад


Имрӯз Думаи шаҳри Маскав дар нишасти ғайринавбатӣ номзадии Сергей Собянин ба мақоми мири пойтахти Русияро баррасӣ мекунад. Номзадии ӯро ба ин маснад раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев пешбарӣ кардааст.
Қарор аст, ки Собянин дар нишасти Думаи Маскав суханронӣ кунад ва ба суолҳои вакилон посух диҳад. Баъд аз он раъйдиҳии пинҳонӣ доир мешавад. Дар сурати пуштибонии вакилони Думаи Маскав аз номзадии Сергей Собянин ҳамин рӯз маросими расмии савгандёдкунии мири нав баргузор хоҳад шуд. Вакилон аз ҳизби “Русияи воҳид”, ки дар Думаи Маскав аксариятро ташкил медиҳанд, пуштибонии худ аз номзадии Сергей Собянинро эълом доштаанд. Сергей Собянин ахиран мақомҳои муовини сарвазир ва раиси дафтари ҳукумати Русияро ишғол мекард.
Ӯ дар курсии мири Маскав Юрий Лужковро иваз хоҳад намуд, ки се ҳафта пеш бо амри Медведев аз мақомаш барканор шуд.
XS
SM
MD
LG