Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон 30 кило урани ғанисохташуда тавлид кард


Эрон аллакай 30 кило урани 20 дар сад ғанисохташударо тавлид кардааст.Дар ин бора раиси идораи энерҷии ҳастаии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ хабар дод.
Моҳи феврали соли равон раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар бораи ғанисозии уран дар қаламрави кишвар амр содир кард. Тасмим дар ин бора баъди он гирифта шуд, ки созиш дар мавриди табодули урани хоми Эрон бо урани ғанисохташуда дар дигар кишварҳо ноком анҷом ёфт.
Шӯрои амнияти СММ алайҳи Теҳрон барои сарпечияш аз қатъи ғанисозии уран таҳримҳо ҷорӣ кардааст. Кишварҳои ғарбӣ ҳадс мезананд, ки ҳадафи барномаи ҳастаии Эрон - дастёбӣ ба силоҳи ҳастаист. Ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG