Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 афғон дар таркиши минаи канори роҳ


Бар асари инфиҷори минаи канори роҳ дар Афғонистон 8 нафар кушта ва 6 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Қурбониёни ҳодиса аз сӯри арӯсӣ дар шаҳри Ҳирот, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар, ба вилояти Нимрӯз бармегаштанд. Дар роҳ мошини онҳо ба мина бархӯрд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса чанд кӯдак ҳам ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG