Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ аз паёмадҳои ногувори коршиканиҳо ҳушдор дод


Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, изҳор намуд, ки идомаи коршиканиҳо дар муассисаҳои калидии энерҷии кишвар иқтисоди Фаронсаро фалаҷ месозад. Ӯ аз паёмадҳои ногувору дарозмуддати коршиканиҳо барои кишвар ҳушдор дод. Ҳамзамон Саркозӣ бори дигар эълом дошт, ки бо вуҷуди намоишҳои оммавӣ ҳукумат аз ислоҳоти синни бознишастагӣ даст нахоҳад бардошт. Ҳукумат мехоҳад синни нафақаро дар Фаронса аз 60-солагӣ то 62-солагӣ боло барад.
Намоишҳои эътирозӣ алайҳи ин ислоҳот чанд моҳ боз идома доранд ва рӯзҳои ахир ба задухӯрдҳо бо полис мепечанд. Айни ҳол коршиканҳо чанд анбори маводи сӯхтро муҳосира карда, ба фаъолияти корхонаҳои коркарди нафт ва интиқоли газ ба кишвар монеъ мешаванд. Ҳукумати Фаронса ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳрони густардаи энерҷӣ маҷбур шудааст воридоти нерӯи барқро афзоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG