Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон 30 кило урани ғанишудаи 20 дарсадӣ тавлид кард


Алӣ Акбар Солеҳӣ-раиси ниҳоди ҳастаии Эрон гуфтааст, ки кишвараш тақрибан 30 килограм урани 20 дарсад ғанишуда тавлид кардааст. Чунин кор бар хилофи қатъномаи СММ дар бораи қатъи ҳар гуна фаъолияти ҳастаӣ дар Эрон мебошад. Урани ғанишуда метавонад ҳамчун сӯхт дар реакторҳои ҳастаии тавлиди барқ истифода шавад. Вале он метавонад барои иҷоди бами ҳастаӣ низ ба кор равад.
XS
SM
MD
LG