Пайвандҳои дастрасӣ

Дар телевизиони Euronews бахши форсӣ боз мешавад


Euronews -шабакаи хабарии чандзабонаи телевизиони Аврупо 27-ӯми октябр пахши баномаҳои худро ба забони форсӣ оғоз мекунад. Пешбинӣ мекунанд, ки имкон дорад бо оғози пахши ин барномаҳо шумораи бинандагони Euronews 3 миллион нафари дигар афзоиш ёбад. То ҳол Euronews нисбат ба шабакаҳои CNN ва BBC бештар бинанда дорад. Форсӣ забони даҳуми шабакаи Euronews аст, ки дар Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон бо он гуфтугӯ мекунанд. Ин забон ҳамчунин дар кишварҳои Ховари Миёна истифода мешавад. Ба ин забон 126,5 миллион нафар дар ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд. Euronews дар шаҳри Лиони Фаронса ҷойгир аст ва ҳоло 17 нафар рӯзноманигорони форсизабон дар бахши форсӣ ба кор ҷалб шудаанд.
XS
SM
MD
LG