Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурӯши либосҳои дасти дуввум дар Украина мамнуъ мешавад?


Имрӯз садҳо нафар шаҳрвандони Украина аз минтақаҳои мухталифи ин кишвар бар зидди барномаҳои давлатӣ дар бораи мамнуъ эълон кардани фурӯши либосҳои дасти дуввум ба тазоҳурот баромаданд. Онҳо барои эътироз дар назди бинои порламон дар шаҳри Киев гирдиҳам омаданд ва чунин шиор медоданд: "Моро аз корамон маҳрум накунед". Ҳукумати Украина мехоҳад қонунеро муаррифӣ кунад, ки тибқи он воридот ва фурӯши ҳамаи либосҳои дасти дуввум ё пӯшидашуда мамнуъ эълон хоҳад шуд. Сабаб ин будааст, қочоқчиён ба ин баҳона колоҳои дигарро ҳам қочоқ хоҳанд кард ва ба баъзе аз чунин либосҳо доруҳое мезананд, ки ба саломатӣ зарар дорад.
XS
SM
MD
LG