Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

300 нафар аъзои Ал Қоида аз марзи Афғонистон гузаштаанд


Генерал Оқонур Кинтуз-фармондеҳи нируҳои амниятии вилояти Бадахшони Афғонистон ба матбуот гуфт, маълумоти дақиқ вуҷуд дорад, ки беш аз 300 нафар афроди машқдидаи шабакаи террористии Ал Қоида аз Покистон тавассути хоки Афғонистон эҳтимолан вориди Тоҷикистону Чин ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ шудаанд:

"Ин ҷо сарнавишти онҳо маълум нест, ки онҳо ба Тоҷикистон рафтанд, дар Чин монданд ё ба тарафи Чеченистони Шӯравии собиқ рафта бошанд".

Ба гуфтаи генерал Кинтуз, дар таркиби ин гурӯҳ аслан чеченҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва мухолифони Чин ҳастанд, ки дар қаламрави Покистон шеваҳои амалиёти тахриботӣ ва террористиро омӯхтаанд.
XS
SM
MD
LG