Пайвандҳои дастрасӣ

Лағви 1,3 миллион раъй дар интихоботи Афғонистон


 Фозилаҳмади Маънавӣ,раиси куммиссиюни интихоботи Афғонистон

Фозилаҳмади Маънавӣ,раиси куммиссиюни интихоботи Афғонистон

Куммиссиюни интихоботи Афғонистон рӯзи чоршанбе эълон кард, ки то имрӯз ба далели тақаллубу тахаллуф ва дигар анвои нақзи қавонин, ҳудуди 25 дарсади орои интихоботи парлумонӣ, ё тақрибан 1, 3 миллион раъйи додашуда дар ин интихоботро бекор кардааст.

Фозилаҳмади Маънавӣ, раҳбари куммиссиюни интихоботи Афғонистон, ки дар як нишасти хабарӣ дар Кобул сӯҳбат мекард, гуфт:

“Маҷмӯъи орои боэътибор, ки орои беэътиборро аз ин берун сохтем, ба 4 265 347 раъй мерасад. Ин як муваффақият аст дар шароити Афғонистон. Маҷмӯъи орое, ки беэътибор шуда, ин ҳам дар ҳудуди 1,3 миллион аст.”

Истиқбол аз ширкати густурдаи мардум

Оқои Маънавӣ бо ин ҳол, аз мизони мушорикати фаъолонаи мардум дар интихоботи парлумонии рӯзи 18 сентябр, ки наздики 40 дарсадро ташкил додааст, истиқбол кард. Ӯ гуфт: Оморе, ки мо дар бораи мизони ширкати мардум дорем, сатҳи баландеро нишон медиҳад, ки метавонад мояи ифтихор барои Афғонистон ва барои раванди интихоботи соли ҷорӣ бошад.”

Куммиссиюни интихобот ҳамчунин гуфт, 224 номзади интихоботӣ ба далели даст доштан дар тақаллуб зери шубҳа қарор гирифтаанд.
Ин ниҳод қаблан дар оғози ҳафтаи ҷорӣ дар бораи лағв шудани натоиҷи интихобот дар 571 қитъаи раъйдиҳӣ, ё худ беш аз 10 дарсади ҳавзаҳои интихоботӣ хабар дода буд. Далели лағви натоиҷи оро дар ин ҳавзаҳо низ тақаллуб гуфта мешуд.

Бо ин ҳол, ҳарчанд аз интихоботи парлумонии Афғонистон инак беш аз 1 моҳ мегузарад, натоиҷи ин маърака ва исми вакилони нави парлумони ин кишвари ҷангзада то ҳол эълон нашудааст. Куммиссиюни интихобот мукаллаф аст, то нашри натоиҷи ниҳоии интихобот, ҳазорон шикоёти расида ба ин ниҳод аз сӯи нозирон, номзадҳо ва интихобкунандагонро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Ширкати қобили мулоҳизаи афғонҳо дар интихобот

Интихоботи рӯзи 18 сентябр, дуввумин интихоботи парлумонӣ дар Афғонистон баъд аз суқути давлати Толибон бо дасти нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар поёни соли 2001 ба шумор меравад. Дар ин маърака беш аз 2500 номзад барои дарёфти 249 курсии Вулусӣ Ҷирга, маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон вориди мубориза шуданд.

Бо вуҷуди аз ширкат дар интихобот тарс додани мардум аз сӯи Толибон, ҳудуди 40 дарсади мардуми воҷиди шароити раъй дар раъйгирии як моҳи пеш ширкат варзидаанд.

Ин интихобот як солу як моҳ баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон доир шуд. Он раъйгирӣ, қарори маълум, тақаллуби фаровон ва бекор шудани низ ҳудуди 25 дарсади орои даври аввалро ба дунбол дошт, ки пирӯзии эълоншудаи раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай дар даври аввалро ҳам лағв кард. Ва танҳо аз идомаи мубориза даст кашидани рақиби аслии ӯ доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ба Карзай имкон дод, ки бидуни рақобати дубора, курсии раҳбарии худро ҳифз кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG