Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири пешини Украина дар ҷумҳурии Чех боздошт шуд


Додситонии Украина аз ҷумҳурии Чех истирдоди Боҳдан Данилишин-вазири пешини иқтисоди Украинаро тақозо кардааст. Пулиси Чех гуфтааст, Данилишин шоми рӯзи душанбе бино ба дархости Украина аз интерпол ё пулиси байналмиллалӣ боздошт шудааст. Вай севвумин вазири кобинаи нахуствазири пешин Юлия Тимошенко мебошад, ки аз замони пирузии Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Маскавгарои Ураина бар зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Янукович дар интихобот бар Юлия Тимошенко пирӯз шуда буд. Сухангӯи пулиси Чех гуфтааст, истирдоди Данилишин мумкин аст ҳамин моҳ сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG