Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтаанд, иттилои дақиқро дар даст доранд, ки беш аз 300 тан аз афроди озмоишдидаи шабакаи «Ал-Қоида» аз Покистон тавассути хоки Афғонистон вориди қаламрави Тоҷикистон, Чин ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гардидаанд.

Генерал Оқонур Кинтуз, қумондони амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон, ба хабарнигори бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, дар миёни ин гурӯҳи «Ал-Қоида» умдатан шаҳрвандони Чеченистони Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва, ба эҳтимоли қавӣ, мухолифини давлати Чин мебошанд.

Қумондони амнияти Бадахшон мегӯяд, вуруди ин гурӯҳҳо метавонад таҳдиди ҷиддие барои кишварҳои минтақа бошад. Ӯ меафзояд, ҳоло дақиқ нест, ки ин гурӯҳҳо дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ мондаанд, ё ба хоки Чин ва ё дигар кишвари собиқ Шӯравӣ ворид шудаанд:



Коршиносони маҳаллӣ сабаби фирори гурӯҳҳои ҷангиёни Толибон аз Покистон ва ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯ овардани онҳоро ба афзоиши ҳамлаҳои нерӯҳои НАТО ва танг шудани ҷойгоҳи Толибон рабт медиҳанд.

Нигаронии мақомоти амниятии Афғонистон аз вуруди ҷангиёни озмоишдидаи шабакаи «Ал-Қоида» ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки амалиёти вижаи нерӯҳои низомии Тоҷикистон дар шарқи ин кишвар алайҳи як гурӯҳи мусаллаҳи ношинос идома дорад ва ба эътиқоди мақомот, ин гурӯҳ умдатан аз шаҳрвандони хориҷӣ иборат аст.

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ субҳи рӯзи чоршанбе шумори афроди мусаллаҳи худсар дар дараи Камаробро ҳудуди 30 нафар унвон кард, ки ба гуфтаи ӯ, бо ҷангафзорҳои замонавӣ мусаллаҳ ҳастанд. Вазири умури дохилӣ гуфт, то имрӯз 12 тан аз афроди мусаллаҳ кушта, ҳуввияти 9 нафари онҳо шиносоӣ шудааст, ки аксаран шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Ҷаноби Қаҳҳоров дар ин нишаст гуфт, "дар ҳақиқат афроди дар тамрингоҳҳои Афғонистон ва Покистон озмоишдида ба хоки Тоҷикистон ворид мешаванд, аммо ҳодисаҳои вуруди гурӯҳҳои бузург ба хоки Тоҷикистон ҷой надорад".

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ низ қаблан дар як нишасти матбуотӣ ҳузури хориҷиён дар сафи гурӯҳҳои мусаллаҳи мавҷуд дар шарқи кишварро таъйид кард. Ӯ эҳтимоли вуруди афроди мусаллаҳ аз Афғонистонро рад накард, вале гуфт, марзи Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ муҳофизат мешавад ва убури гурӯҳҳои сершумори ҷангиёни Толибон ба Тоҷикистон ғайриимкон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG