Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Афғонистон эълон шуд


Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфт, ки 1-миллиону 300 ҳазор райи интихоботи порламониро ба сабаби даст задан ба тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот ва риоят накардани қонунҳои интихоботӣ ботил эълон кардааст. Фозил Аҳмад Маънавӣ-раиси Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфт:

"Маҷмӯи орои боэътибор, ки мо орои беэътиборро аз он берун сохтаем, ба 4 миллиону 265 ҳазору 347 рай мерасад, ки ин дар шароити Афғонистон муваффақият аст. Маҷмӯи орое, ки беэътибор шудааст, муттаасссифона, дар ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор аст".


Интихоботи порламонии Афғонистон 18-ӯми сентябр баргузор шуда буд. Барои 249 курсӣ дар маҷлиси поёнии порлмон ё вулусиҷиргаи Афғонистон 2 500 намоянда мубориза карданд.
XS
SM
MD
LG