Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи додарзодаи Боқиев дар Қирғизистон ба таъхир афтод


Додгоҳи Санҷар Боқиев-додарзодаи Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, ки барои имрӯз ба нақша гирифта шуда буд, ба таъхир афтод. Санҷар ва чанд нафари дигар барои даст доштан дар даргириҳои қавмии моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон гунаҳгор дониста мешаванд. Бибиоиша Арстанбекова-яке аз ҳомиёни ҳуқуқи башари Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин мурофиа бояд дар додгоҳи Ҷалолобод оғоз мешуд, вале он ба 26-ӯми октябр гузаронда шудааст. Дар бораи сабабҳои таъхир чизе гуфта намешавад. Санҷар тобистони соли ҷорӣ боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG