Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз пайвастани Русия ба СҶТ ҳимоят мекунад


Ларрӣ Саммерс -мушовири иқтисодии Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, Вошигтон аз пешрафти музокирот дар бораи пайвастани Русия ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ташвиқ шудааст. Ларрӣ Саммерс, ки ҳоло дар Маскав машғули музокира мебошад, изҳори умед кардааст, ки Русия дар давоми як соли оянда барои узвият дар ин созмон омода хоҳад шуд. Вале вай, гуфт, ки "ҳоло вақти таҷлил фаро нарасидааст" ва корҳои зиёде бояд анҷом бигирад, то ин кишвар ба қоидаҳои тиҷорати ҷаҳонӣ мутобиқ шавад. Аз соли 1993 то ба ҳол Русия мехоҳад ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дарояд. Амрико аз узвияти Русия дар ин созмон ҳимоят мекунад зеро Барак Обама гуфтааст, ки мехоҳад муносиботаш бо Маскавро бознигарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG