Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1,3 миллион рай дар интихоботи Афғонистон ботил эълон шуд


Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфт, ки 1-миллиону 300 ҳазор райи интихоботи порламониро ба сабаби даст задан ба тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот ва риоят накардани қонунҳои интихоботӣ ботил эълон кардааст. Фозил Аҳмад Маънавӣ-раиси Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфт, дар интихобот 5-миллиону 600 ҳазор рай ба сандуқҳо андохта шудаст ва аз онҳо 1-миллиону 300 ҳазор рай беэътибор дониста шудаанд. Интихоботи порламонии Афғонистон 18-ӯми сентябр баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG