Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия идома дорад


Виктор Себелев-раҳбари намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷиратии Русия дар Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" иттилоъ додааст, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 762 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтаанд. 129 ҳазор нафар иҷозаи кор дарёфт кардаанд. Ба гуфтаи вай, соли гузашта 929 нафар ба Русия рафтаанд ва аз онҳо 213 ҳазор нафар соҳиби иҷозаи кор шудаанд. Вале бино ба гуфтаи Зумрад Солиев-масъули хадамоти муҳоҷиратии вазорати дохилаи Тоҷикистон, дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба Русия тақрибан 397 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор рафтаанд.
XS
SM
MD
LG