Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон аз ноҳияи ба дастоварии силоҳ дучори мушкил шудаанд


Ҷузеф Блотз,сухангӯи нерӯҳои НАТО
Ҷузеф Блотз,сухангӯи нерӯҳои НАТО

Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфтаанд, ки онҳо роҳҳои икмолотии Толибонро дар бахшҳое аз ин кишвар бастаанд. Ҷузеф Блотз, сухангӯи ин нерӯҳо дар Афғонистон мегӯяд, ки шӯришиён аз ноҳияи ба даст овардани силоҳу муҳимот, дучори мушкил шудаанд.

Оқои Блотз дирӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Кобул гуфт, дар бархе маворид мисолҳое вуҷуд дорад, ки сухангӯи Толибон талош кардааст то ин падидаро ба нерӯҳои эътилофи байналмиллалӣ рабт бидиҳад.

Толибон қамқувват шудаанд

Мақомоти НАТО ахиран иддао мекунанд, ки бо фиристодани даҳҳо ҳазор аскари байналмиллалӣ, Толибони мусаллаҳ камқувват шудаанд. Онҳо ҳамчунон аз даргирӣ ва ҳамалоти шадид алайҳи шуришиён хабар медиҳанд.

Генерал Блотз дар бахши дигар аз изҳороташ гуфт, онҳо аз талошҳои давлати Афғонистон барои овардани сулҳ ва субот ҳимоят мекунанд, аммо ба гуфтаи вай, барои овардани мухолифин ба мизи музокирот, фишорҳои низомӣ низ идома меёбад.

Вай ҳамчунон гуфт, нерӯҳои афғон ва байналмиллалӣ ҳеҷ гоҳе аз манотиқе, ки гуфтугӯҳои сулҳ дар он сурат мегирад, ақибнишинӣ нахоҳанд кард.

Амалиёти низомӣ идома хоҳад дошт

Вай дар идома гуфт: « Беҳтарин роҳи овардани мухолифин ба мизи музокирот, ворид кардани фишори низомӣ болои онҳо аст. Ин ба маънии он аст, ки нерӯҳои мо ва қувваҳои афғон ҳеҷ гоҳе қасди берун шудан аз манотиқеро надоранд, ки дар он эҳтимолан гуфтугӯи сулҳ сурат мегирад. Мо аз ҳеҷ маҳалле нерӯҳои худро берун нахоҳем кард.»

Бо ин ҳама, генерал Блотз мегӯяд, ки нерӯҳои НАТО дар ин раванд ба таври мустақим дахолат надоранд ва аз Шӯрои олии сулҳ ва талошҳои давлати Афғонистон ба ҳадафи музокирот ҳимоят мекунанд.

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон низ то андозае ин изҳороти НАТО-ро тайид мекунад ва гуфтанд, ки ба пешбурди амалиёти низомӣ ҳам ниёз аст.

Аммо ин Шӯро бештар рӯи роҳи ҳали сиёсии масъала нисбат ба фишорҳои низомӣ ҷиҳати фарохонӣ ва ширкати мухолифини мусаллаҳи давлат дар раванди музокирот таъкид дорад.
XS
SM
MD
LG