Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун ҳамла ба дипломати СММ-ро маҳкум кард


Бан Ки Мун ҳамла ба корвони мошинҳои намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ироқ Ад Мелкертро маҳкум кард. Ин ҳодиса дар канори шаҳри Наҷаф, воқеъ дар маркази Ироқ, рӯх дод. Ба иттилоъи дафтари СММ дар Ироқ, дар роҳи ҳаракати корвони мошинҳои дипломат мина гузошта шуда буд. Қабл аз ин ҳамла Ад Мелкерт дар шаҳри Наҷаф бо оятуллоҳ Олии Сиистонӣ дидору гуфтугӯ дошт. Ба иттилоъи расмӣ, нафаре аз ҳайати СММ осеб нарасидааст ва аммо як корманди хадамоти амниятии Ироқ кушта шуда, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар изҳороти Дабири Кулли СММ гуфта шудааст, ки ин ҳамла "дар роҳи талошҳои СММ барои кӯмак ба мардуми Ироқ дар роҳи ваҳдату шукуфоӣ монеъа эҷод нахоҳад кард". Соли 2003 бар асари ҳамла ба дафтари СММ дар Бағдод 23 корманди ин созмон ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG