Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон аз Теҳрон хостори раҳоии сайёҳони амрикоӣ шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, бори дигар аз мақомоти Эрон даъват кард, ки ду амрикоии боздоштшударо раҳо кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ахиран вакили дифоъи боздоштшудаҳо изҳор намуд, ки мурофиаи додгоҳии амрикоиҳо 6 ноябр баргузор мешавад. Се амрикоӣ - Сара Шурд, Ҷоша Фэттэл ва Шэйн Бауэр соли гузашта бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Эрон ва ҷосусӣ боздошт шуда буданд. Сара Шурд ду моҳ пеш баъд аз пардохти гаравпулӣ маҳбасро тарк намуд ва ба Амрико баргашт. Пайвандони амрикоиҳои боздоштшуда мегӯянд, ки ин се нафар ҳангоми сайёҳат дар кӯҳистони Ироқ раҳгум зада, иштибоҳан вориди хоки Эрон шудаанд.
Хонум Клинтон изҳори итминон кард, ки ягон далел барои ба додгоҳ кашидани амрикоиҳо мавҷуд нест. Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки мақомоти Эрон ба амрикоиҳои боқимонда низ чун ба Сара Шурд озодӣ мебахшанд.
XS
SM
MD
LG