Пайвандҳои дастрасӣ

Чин бозгардони ёдгориҳои баяғморафтаро талаб дорад


Мақомоти Чин бори дигар баргардонидани ҷавоҳирот ва ёдгорҳои нодири аз Кохи Бостонии Тобистона дар Пекин рабудашударо талаб карданд. 150 сол пеш дар ҷараёни саркӯб кардани як ошӯб дар Пекин нерӯҳои Британия ва Фаронса ин кохи императорро ғорат намуданд. Чин ин ҳодисаро ҳамеша чун таҳқири миллӣ арзёбӣ мекунад. Вазорати фарҳанги Чин аз осорхонаҳо ва афроди алоҳида даъват намуд, ки ёдгориҳои беназирро баргардонанд. Ба иттилоъи вазорат, дасти кам яку ним миллион ҷавоҳирот ва ёдгориҳои нодири Кохи Бостонии Тобистона аз Чин берун бурда шудаанд.
XS
SM
MD
LG