Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини арман хостори раҳоии маҳбусони сиёсӣ шуданд


Беш аз 4 ҳазор ҷонибдорони мухолифини ҳукумати Арманистон хостори озодии маҳбусони сиёсие шуданд, ки баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар дуву ним соли пеш бо иттиҳоми ташкили бенизомиҳо ба муддатҳои гуногун маҳкум ба зиндон шуда буданд. Мухолифин дар шаҳри Ереван ҷамъ омада аз ҳукумат талаб карданд, ки ҳамаи 13 тан аз фаъолони мухолифинро раҳо намояд.
Рӯзи 1 марти соли 2008 кормандони полис намоиши эътирозии мухолифин алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳуриро саркӯб намуданд. Бар асари бархӯрди эътирозгарон ва полис 10 нафар кушта ва беш аз 250 нафар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти Арманистон мухолифинро дар он айбдор намуданд, ки сӯи кормандони полис оташ кушодаанд ва аммо аҳзоби мухолифи ҳукумат ин иттиҳомро қатъӣ рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG