Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезиҳои фалокатбор дар Виетнам ва Таиланд


Бар асари обхезӣ ва боронгариҳои шадид дар Виетнам 41 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар манотиқи марказии кишвар ҷустуҷӯи автобусе идома дорад, ки онро маҷрои об ба дарё афкандааст. Дар автобус 19 мусофир боқӣ монда буданд, 18 нафари дигар тавонистанд, ки худро наҷот диҳанд.
Дар шимолу шарқи Таиланд бошад, обхезӣ мунҷар ба ҳалокати дасти кам 7 нафар шуд. Бар асари боронгариҳои шадид маҳаллаҳои зиёде зери об мондаанд. Аз ин офати табиӣ, ба иттилоъи расмӣ, тақрибан 200 ҳазор сокинони кишвар осеб дидаанд.
XS
SM
MD
LG