Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори толиби асируфтода дар Қандаҳор тафтиш мешавад


Як сарбози амрикоӣ бо гумони даст доштан дар куштори мусаллаҳи асируфтодаи ҷунбиши “Толибон” боздошт шудааст. Ҷасади мулло Муҳибулло, ки муваққатан дар боздоштгоҳи ноҳияи Арғандоби вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, нигаҳ дошта мешуд, рӯзи якшанбе ошкор гардид. Ӯ як рӯз пеш дар амалиёти муштараки низомиёни афғон ва Эътилофи байнулмилалӣ ба асорат афтода буд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай амр кард, ки қазияи ҳалокати мулло Муҳибулло тафтиш шавад. Дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳадс задааст, ки толиби асируфтода аз сӯи сарбозони хориҷӣ кушта шудааст.
Низомиёни ИМА тафтиши сабабҳои ҳалокати мулло Муҳибуллоро шурӯъ кардаанд ва эълом доштанд, ки аз натоиҷи он ҳукумати Афғонистонро дар ҷараён мегузоранд.
XS
SM
MD
LG