Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба мошини намояндаи вижаи СММ дар Наҷаф


Дар Ироқ корвони мошинҳои намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар кишвар Ад Мелкерт мавриди ҳамла қарор гирифт. Ин ҳодиса дар канори шаҳри Наҷаф, воқеъ дар маркази Ироқ, рӯх дод. Ба иттилоъи дафтари СММ дар Ироқ, дар роҳи ҳаракати корвони мошинҳои дипломат мина инфиҷор шуд. Ба нафаре аз ҳайати СММ осеб нарасидааст. Бархе хабаргузориҳо навиштаанд, ки дар ин ҳодиса як корманди полис кушта шудааст.
Баъд аз ҳалокати 23 нафар бар асари ҳамла ба дафтари СММ дар Бағдод дар соли 2003 теъдоди кормандони ин созмони ҷаҳонӣ дар Ироқ коҳиш дода шуда буд.
XS
SM
MD
LG