Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи коршиканӣ ва эътирозҳо дар Фаронса


Дар намоишҳои эътирозӣ алайҳи тасмими ҳукумат барои боло бурдани синни бознишастагӣ дар Фаронса беш аз миллион нафар ширкат карданд. Дар ин бора масъулини иттиҳодияҳои синфии кишвар хабар доданд. Ҳукумати Фаронса тасмим гирифтааст, ки синни нафақаро аз 60-солагӣ то 62-солагӣ боло барад.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, чунин эътирози густарда дар кишвар бори шашум дар моҳҳои ахир сурат мегирад. Дар чанд шаҳр, аз ҷумла, дар Порис, миёни намоишгарон ва кормандони полис задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Дар шаҳри Лион эътирозгарон чанд фурӯшгоҳро тахриб карданд.
Бар асари коршиканӣ дар корхонаҳои коркарди нафт тақрибан сеяки бунгоҳҳои фурӯши маводи сӯхти Фаронса ба мушкили дарёфти бензин мувоҷеҳ шудаанд.
Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса дирӯз изҳор намуд, ки бо вуҷуди эътирозҳои оммавӣ дар кишвар аз барномаи боло бурдани синни бознишастагӣ даст бардоштанӣ нест. Қарор аст, ки қонун дар бораи боло бурдани синни бознишастагӣ рӯзҳои наздик дар Сенати Фаронса баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG