Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд зарари Талкоро $230 миллион баровард кард


Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон гуфтааст, ки ширкати алюминиуми Тоҷикистон ё Талко дар чор соли ахир ба муҳити зист ва саломатии сокинони чор ноҳияи вилояти Сурхондарёи Ӯзбакистон ҳудуди 230 миллион доллар зиён ворид намудааст.

Ин ҳаракат мегӯяд, ин хисоротро донишмандони пажӯҳишгоҳи Узгидромет - ниҳоди Фарҳангистони улуми Ӯзбакистон ва Донишгоҳи миллии ин кишвар бар асоси меъёрҳои зистмуҳитии байналмилалӣ ҳисоб кардаанд.

Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон ба ин далел пешниҳод кардааст, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон гурӯҳи кории муштарак ташкил дода шавад, то қарордоди нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар бораи беҳтар кардани вазъи муҳити зист дар чор ноҳияи вилояти Сурхондарёро, ки таҳти таъсири корхонаи Талко қарор доранд, тарҳрезӣ кунад.

Ин ҳаракат ҳамчунин гуфтааст, ки бояд барномаи пажӯҳиши равандҳои таъсири партобҳои корхонаи Талко ба фазо ва муҳити зисту саломатии мардуми Ӯзбакистонро биомӯзанд. Бар илова, ҳаракати экологии Ӯзбакистон иддао дорад, ки Тоҷикистону Ӯзбакистон бояд барои омӯзиши вазъи экологӣ ва таъсири ин корхона ба мардуми чор ноҳияи Ӯзбакистон коршиносони мустақили хориҷиро ҷалб кунанд.

Вокуниши Душанбе

Аммо ҷониби Тоҷикистон ин иддаоҳоро беасос медонад. Рустам Латифов, раиси Кумитаи муҳити зисти парлумони Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, тибқи маълумоте, ки ин кумита дар даст дорад, корхонаи Талко муҳити атрофи берун аз марзи Тоҷикистонро олуда намекунад:

«Мо соли 1994 бо Ӯзбакистон дар бораи ҳамкориҳои зистмуҳитӣ қарордод имзо карда будем. Ин қарордод то соли 2002 кор кард. Дар ташхисҳои якҷоя гузаронда низ мо ҳодисаҳои олудагии зиёд аз меъёрро мушоҳида накарда будем ва ин иддаоҳои Ӯзбакистон якҷониба аст. Ҳеҷ кас намедонад, ки аз рӯи кадом меъёрҳо ҳисоб карда, ироа доштаанд».

Ҷаноби Латифов гуфт, ки дар ҳар сурат Тоҷикистон омода аст барои баррасии ин иддаоҳо гурӯҳи кории муштарак ташкил кунад, тавре ки Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон иддао мекунад. Ӯ афзуд, ҳоло корхонаи «Талко» барои ҳалли масъалаи зистмуҳитӣ дар соли 2010 маблағ ихтисос додааст.

Садриддин Шарифов, директори корхонаи «Талко» низ дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки ба ин мақсад имсол 30 миллион сомонӣ, муодили қариб 7 миллион доллар масраф мешавад. Ҷаноби Шарифов ҳамзамон иддаоҳои ҳомиёни муҳити зисти Ӯзбакистонро бепоя хонд. Вай гуфт, тоза кардани газҳои партобӣ бар асоси фанновариҳои замони шӯравӣ, ки дар ин корхона насб шудааст, сурат мегирад ва ба илова ҳоло системи ҷадиди тоза кардани газҳои партобӣ низ роҳандозӣ шудааст:

«Аз 1 августи соли 2010 мо фанноварии ҷадиди иборат аз се бахшро роҳандозӣ мекунем, ки бештар ба экология ва ҳифзи саломатии мардум иртибот дорад ва мо ҳамеша талош мекунем, ки таъсири корхона ба муҳити зист камтар шавад».

«Ғаразҳои сиёсӣ»-и Тошканд

Мақомоти Тоҷикистон дар маҷмӯъ иддаоҳои Ҷунбиши зистмуҳитии Ӯзбакистон дар робита ба авоқиби фаъолиятҳои корхонаи алюминсозии Турсунзодаро ҷуз ғарази сиёсӣ чизе беш намедонанд.

Аммо академик Алексей Яблоков, раиси Ҳизби сабзи Русия дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфт, иддаоҳои Ӯзбакистон беасос нест, вале ин кишвар бояд олудагии корхонаҳои саноатии худро низ ҳисоб кунад.

Академик Яблоков афзуд ки ҳама корхонаҳои санъатӣ, аз ҷумла корхонаи алюминиум ба муҳити зист зарар дорад ва ин дар тамоми дунё як ҳақиқати маълум аст. Вай афзуд: «Агар корхонаи алюминиум солона 30 дарсади даромади худро барои хариду иваз кардани дастгоҳу фанновариҳои экологӣ масраф кунад, дар он сурат мо метавонем бигӯем, ки ин корхона муҳити зистро камтар олуда мекунад».

Бино бар омори расмӣ, ширкати алюминиуми Тоҷикистон ё Талко дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 510 миллион доллар алюминиуми аввалияро ба бозорҳои ҷаҳонӣ арза карда, ба таъйиди раисаш Садриддин Шарифов, дар соли ҷорӣ барои ҳифзи муҳити зист ҳудуди 30 миллион сомонӣ ё наздики 7 миллион доллар ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG