Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати президенти Туркия аз сиёсатмадорони Олмон


Раиси ҷумҳурии Туркия Абдуллоҳ Гул имрӯз аз сиёсатмадорони Олмон даъват кард, ки масъалаи муҳоҷиратро мавриди муомилаи сиёсӣ қарор надиҳанд ва бар иваз, ба турктаборҳои кишварашон дар ҳамоиш бо ҷомеаи худ мусоидат кунанд. Оқои Гул бо чунин мазмун дар нишасти хабарии муштараке бо ҳамтои олмонии худ Кристиан Вулф суханронӣ кард. Вулф бо як сафари панҷрӯза дар Туркия ба сар мебарад. Ахиран садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфтааст, ки талошҳои кишвараш барои бунёди як ҷомеаи бисёрмиллата шикаст хӯрд. Гул гуфт, ки туркҳои муқими Олмон бояд забони олмониро омӯзанд. Айни замон вай эътироф кард, ки ҳам туркҳо ва ҳам олмониҳо дар амри раҳнамоии кофии муҳоҷирони турктабор дар Олмон кори каме анҷом додаанд. Олмон ҳоло маҳалли зисти ҳудудан панҷ миллион муҳоҷири мусалмон шудааст, ки аз миёни онҳо се миллион нафар турктаборҳо мебошанд.
XS
SM
MD
LG