Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саркозӣ ислоҳоти низоми нафақаро идома медиҳад


Раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ гуфт, ки алорағми афзоиши мавҷи норизоиятҳову гоҳо ба задухӯрдҳо бо полис бадал шудани раҳпаймоиҳои эътирозӣ вай даст аз ислоҳоти низоми нафақаи кишвар намебардорад. Имрӯз зимни суханронӣ дар шаҳри Довил ӯ гуфт, ки боло бурдани синни нафақа аз 60 ба 62 як иқдоми хеле зарурӣ ба хотири коҳиши касри буҷа мебошад. Саркозӣ гуфт:

“Ислоҳот муддати тӯлонӣ аст, ки ба таъхир андохта мешавад ва дигар кор аз кор гузашт. Чаро? Чунки ҳаққи нафақаи имрӯзу фардо бояд пардохта шавад. Дар Фаронса 15 миллион нафақахӯр ба сар мебаранд. Дар ҳамин лаҳзае, ки ман бо шумо гап мезанам, нафақаи яку ним миллион нафари онҳо аз ҷониби бонкҳо пардохта шудааст. Аммо кор дигар ба ин шакл идома карда наметавонад”.

Эътирозҳои мардум дар саросари Фаронса кори ҳавопаймо, қатор ва нақлиёти мусофирбарро ба ҳам зада нақтаҳои фурӯши бензинро бесӯзишворӣ гузошт. Имрӯз полис ба донишҷӯҳое, ки даст ба сангандозиву оташзании мошинҳои Париж заданд, бо гази ашковар посух дод. Интизор меравад, ки эътирозҳо идома кунанд.
XS
SM
MD
LG