Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ноҳамгунии дидгоҳҳои мақомоти Тоҷикистон дар мавриди пуштибонии кишварҳои хориҷӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар шарқи кишвар, ба қавли коршиносон, вуҷуди «дасти хориҷӣ» дар ин ҳаводисро истисно намекунад.

Ахиран Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки дар ноамниҳои водии Рашт ягон кишвари хориҷӣ даст надорад. Ин дар ҳолест, ки Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон қаблан ба расонаҳо дар бораи дахолати хориҷӣ дар рӯйдодҳои Рашт сӯҳбат карда гуфта буд, медонад, ки мушаххасан хадамоти махсуси кадом кишварҳо дар ин ҳаводис даст доранд.

Коршиносон: "дасти хориҷӣ" истисно нест

Парвиз Муллоҷонов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, таҳрикҳои бузурге, ки дар шарқи Тоҷикистон ба вуҷуд омадаанд, бешак, бидуни пуштибонии қудратҳо сурат намегиранд. Вай афзуд, вақте як мақоми низомӣ дар ин бора мегӯяд, бемаврид ва беҳадаф нест, аммо он таъсиреро нахоҳад дошт, ки дар ин бора вазири корҳои хориҷа гӯяд.

Вай афзуд:«Агар вазири хориҷа ягон кишвареро номбар мекард, дар воқеъ бо ҳамон кишвар равобити Тоҷикистон бад мешуд. Агар донанд ҳам намегӯянд. Ин дар таҷрибаи вазоратҳои хориҷа ҳаст. Марди сиёсат агарчи ҳама гапро донад ҳам, набояд ҳамаро гӯяд».

«Дасти хориҷӣ» дар баробари авомили дохилӣ аз омилҳоест, ки дар борааш ду моҳ ба ин сӯ - шурӯъ аз фирори зиндониён аз маҳбаси ҳукуматӣ ва даргириҳои ахир дар шарқи Тоҷикистон - зиёд сӯҳбат мешавад.

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар шарқи Тоҷикистон бо пахши ягон изҳорот собит накардаанд, ки як гурӯҳи иҷрогари супориши кадом як қудрате нестанд ва чеҳраи асливу аҳдофи худро муаррифӣ намекунанд, шакку гумонҳое зиёд мешаванд, ки оё онҳо як нерӯи маҳсули норизоиятиҳои ҷомиа аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонанд ё маҳсули кадом як ё чанд қудрати хориҷии манфиатҷӯ? Пас суоле пайдо мешавад, ки бо таҳрики ин гурӯҳҳо кадом кишвар ва ба чӣ дар Тоҷикистон мехоҳад даст ёбад?

Русия, Узбакистон ва ё дигарон?

Мирзои Саттор, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, аз миёни кишварҳои нуфузталаб дар минтақа — Амрико, Чин, Эрон ва Русия танҳо ахириро метавон қудрате номид, ки мавқеи хеле қавии ҳудуди 150-солаашро аз даст медиҳад ва ба ҳар роҳ мехоҳад онро нигаҳ дорад:

«Русия мехоҳад бо воситаи ин гурӯҳҳо, мавқеашро устувор кунад. Ба онҳо маблағҳои бузург медиҳад. Русия мехоҳад Ҳаракати исломии Узбакистонро дар Тоҷикистон ҷой диҳад ва тавассути он ба Узбакистон ҳам фишор ораду ба нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон ҳам. Аммо пеш аз ҳама Тоҷикистонро бояд ноамн кунад. Ҳама ба хотири он, ки мардуми минтақа фаҳманд: агар Русия набошад, ҳолашон аз ин бадтар мешавад.»

Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, истифода аз гурӯҳҳои радикал як воқеияти бебаҳс дар «бозиҳои бузург» аст: «Кишварҳои бузург ҳамеша бо гурӯҳҳои радикал равобити гуногун доштанд. Вақте, ки онҳо даркор мешуданд, онҳоро истифода мебурданд, аммо вақте ки нодаркор мешуданд, пайи нестии онҳо мешуданд. Инро ҳам инкор кардан мумкин нест, ки Русия тавассути бархе хадамоташ Ҳаракати исломии Узбакистонро истифода мекунад.»

Коршиносон далели ба ин шеваи нуфузёбӣ даст задани Русияро набуди нерӯи сиёсии тавонманд дар Тоҷикистон унвон мекунанд, ки Маскав тавонад ба монанди солҳои 90 сараш ҳисоб кунад.

Мақомот "дасти Маскав"-ро рад мекунанд

Онҳо мегӯянд, изҳороти мақомоти Тоҷикистон дар бораи он, ки рӯи фурудгоҳи низомии Айнӣ танҳо бо Русия музокирот доранд, шояд Маскавро нарм кунад ва шояд рӯи саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун низ музокироти пинҳоние вуҷуд дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол, Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон вуҷуди «дасти Маскав» дар ноамниҳои Тоҷикистонро рад карда, мегӯяд:

«Русия шарики стратегии мо аст ва бо ҳамроҳии ҳам Амрико ва ҳам дигар кишварҳои Ғарб ба муқобили террористон ва ҷинояткорон мубориза мебарад. Ман гумон намекунам, ки Русия дар ҳаводиси шарқи Тоҷикистон даст дорад. Ин аз лиҳози сиёсӣ ва низомӣ асос надорад. Зеро мо бо Русия дар соҳоти сиёсӣ ва низомӣ равобити хуб дорем. Гумон ҳам намекунам, ки ин кишвар мехоҳад нерӯҳояшро дар Тоҷикистон аз ин ҳам зиёд кунад, зеро онҳо кофиянд.»

Дар ҳамин ҳол, Мирзои Саттор мегӯяд, дер ё зуд чеҳраи аслии пуштибон ё пуштибонҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистон маълум мешавад, аммо дар ҳоли ба майдон ворид шудани дигар қудратҳо бо нерӯҳои таҳти назорати худ ба мубориза бо Русия, дар Тоҷикистон вазъи кишвар пешгӯинашаванда хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG