Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азсаргирии мурофиаи қотилони полис дар Қаросӯ


Имрӯз дар шаҳри ҷанубии Қаросӯи Қирғизистон мурофиаи додгоҳии 10 ӯзбактаборе аз сар гирифта шуд, ки дар куштори як полиси қирғизу ронандаи ӯ айбдор мешаванд. Бахши қирғизии радиои Озодӣ гузориш медиҳад, ки сухан дар бораи ҳодисаҳои рӯзи 13 июн ва ҳодисаи куштори раиси идораи полис Одилбек Султонов ва ронандааш Уран Шомирзоев меравад, ки дар деҳаи ҳамсояи Наримон ҳангоми кӯшиши ҷилавгирии онҳо аз задухӯрдҳои қавмӣ рӯй додааст. Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 29 сентябр шурӯъ шуд, вале баъди он ки хешу наздикони қурбониҳо ба айбдоршавандаҳову вакилони онҳо ҳамла карданд, боздошта шуд. Рӯзи 30 сентябр айнан баъди ҳамингуна як ҳодисаи дигаре қозӣ маҷбур шуд мурофиаро барои бори дигар мутаваққиф кунад. Имрӯз мурофиа дар дафтари асосии додгоҳи низомии шаҳри Қаросӯи вилояти Ош шурӯъ шуд. Султоновро зинда ба зинда дар дохили сандуқи мошинаш ҷо карда оташ заданд. Ронанди ӯро сар буриданд. Дар ҷараёни задухӯрдҳои қавмии Ошу Ҷалолобод моҳи июни имсол беш аз 400 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG