Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба парлумони Чеченистон се нафар ҳамла карданд


Субҳи имрӯз дасти кам се гумонбари шӯришӣ ба сохтмони парлумони Чеченистон дар шаҳри Грозний ҳамла карданд. Мақомоти Чеченистон гуфтанд, ки ҳама ширкатдорони мусаллаҳи ин амалиёти 20-дақиқаина аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Матбуоти маҳаллӣ мегӯяд, ки дар миёни ҷангиён як маргталаб худро тарконда ду тани дигар аз оташи полис кушта шуданд. Рашид Нургалиев, вазири умури дохилаи Русия, ки оҷилан ба Грозний парвоз карда бо мақомоти маҳаллӣ нишасте доир кард, гуфт:

“Имрӯз соати 8:45 ҷангиҳо кӯшиш карданд ба сохтмони парлумон ворид шаванд. Вале мисли ҳамеша онҳо ноком шуданд. Пеши роҳи онҳоро кормандони полис гирифтанд. Дар натиҷа, ҷангиҳо нобуд шуданд”.

Дар ҳамлаи имрӯза инчунин се нафар, аз ҷумла ду афсари амниятӣ ва як мулкӣ кушта шуданд. Шумори захмиҳо 17 нафар гуфта мешавад. Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон гуфт, ки қонунгузорон, ки дар ҳангоми ҳамла дохили парлумон буданд, ҳама ба ҷои амн интиқол дода шуданд.
XS
SM
MD
LG