Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 29-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 20-ум ва 21-уми октябр баргузор мешаванд.

Бегоҳи чоршанбе дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бо тими «Энергетик»-и Душанбе ва дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо тими меҳмон – «Хуҷанд»-и Хуҷанд қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ду бозии дигари даври 29-ум бегоҳи панҷшанбе миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе – «Равшан»-и Кӯлоб ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа – «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол дастаи «Истиқлол» бо 62 имтиёз ҷои аввал ва тими «Регар-ТадАЗ» бо 58 имтиёз ҷои дуввумро касб кардаанд. Ҳарду даста барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад.

Дастаи «Хайр», ки барои медалҳои биринҷӣ талош дорад, бо 41 имтиёз дар зинаи севум қарор гирифтааст. Рақиби аслиаш - «Вахш», ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 40 имтиёз дар ҷои чаҳорум мебошад.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

24

19

5

0

57-12

62

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

24

18

4

2

70-14

58

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

25

12

5

8

45-31

41

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

23

11

7

5

29-21

40

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

25

7

9

9

25-39

30

6.

«Энергетик» (Душанбе)

24

8

3

13

31-38

27

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

25

7

6

12

33-43

27

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

25

4

4

17

24-57

16

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

25

1

3

21

16-75

6


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 23 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 14, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 13, Нӯъмонҷон Ҳакимов («Регар-ТадАЗ/»Вахш») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 11-голӣ.
XS
SM
MD
LG