Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров: Ҳамлагарон кушта шуданд


Субҳи имрӯз гумонбарони шӯришӣ ба сохтмони парлумони Чеченистон дар шаҳри Грозний ҳамла карданд. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров гуфт, ки ҳама ҳамлагарони мусаллаҳ аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Вале то ҳол шумори қурбониҳову захмиҳои ин ҳодиса мушаххас нест. Бар тибқи гузоришҳо, дасти кам се афсари полис кушта ва чанд тан захмӣ шуданд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё дар миёни кушташудаҳо афроди мулкӣ ҳастанд ё на.
XS
SM
MD
LG