Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангин шудани ҳолати як зиндонӣ дар Эрон


Донишҷӯи зиндонӣ Ҳомиди Рӯҳинажод, ки дучори чандин навъи бемории склероз ё тасаллуб шудааст, дар маҳбаси Занҷон дар ҳолати сангин нигоҳдорӣ мешавад, гуфт падари ӯ дар сӯҳбат бо радио Фардо. Муҳаммадризо Рӯҳинажод гуфт, ки бори охир писарашро ду ҳафта пеш дар ҳолати “ҷисмониву ақлии хеле заъиф” дидааст. Оқои Рӯҳинажод мегӯяд, ки табибони зиндони Эвин ва ҳам шифохонаи Имом Хумайнӣ баъди муоинаи Ҳомид гуфтанд, ки вай бояд ҳадди аққал се моҳ берун аз зиндон муолиҷа шавад, вале на додгоҳ, на додситонӣ бо ин чиз розӣ нашуданд. Муҳассили риштаи фалсафаи донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ Ҳомид Рӯҳинажод моҳи маи соли 2009 нахуст бо иттиҳоми таблиғи зидди низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон боздошт шуд. Аммо дар додгоҳ ӯро ба узвияти Анҷумани подшоҳии Эрон, як ташаккули зиддиқонунӣ айбдор ва барои даҳ сол равонаи зиндон карданд.
XS
SM
MD
LG