Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ҷасади 6 низомӣ идома дорад


Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳоло дар корҳои барқарории манзилу сохтмонҳои бар асари хушунатҳои ахири водиии Рашт осебдида ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи минтақа ва яке аз қисмҳои ҳарбӣ сафарбар шудаанд. Мақомот мегӯянд, ки то имрӯз мизони хисороти ҳодисаҳои ахири Рашт баъди тахриби панҷ сохтмон ва аз ин ҳисоб - се манзили истиқоматӣ дар ҳудуди чаҳор миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Дӯстмурод Забиров, сухангӯи ин ниҳод дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамчунин ҷустуҷӯи низомиёни нопадидшудаи нирӯҳои давлатӣ дар паи суқути чархболи нирӯҳои вижаи “Алфа” идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Итар-Тасс аз қавли муовини аввали Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон навиштааст, ки рӯзи 6 октябр аз 27 савори чархбол 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар миёни онҳо, ҷасади 7 афсари Горди миллӣ ва 13 узви нирӯҳои “Алфа” шиносоӣ шудааст. Мансурҷон Умаров гуфтааст, ки як майори нирӯҳои вижа Фахриддин Хидиров бо ҷароҳатҳои мухталиф ҷон ба саломат бурдааст. Ҳоло ҷустуҷӯи ҷасади шаш низомии дигари савори ин чархбол идома дорад.
XS
SM
MD
LG