Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои зидду нақизи ҳамлаи парлумони Чеченистон


Матбуоти русӣ мегӯянд, ки имрӯз гурӯҳи ҷангиҳо ба парлумони Чеченистон дар шаҳри Грозний ҳамла карда чанд нафарро куштаву захмӣ бар ҷой гузоштанд. Ҳамоно гузоришҳо оид ба ин ҳамла якранг нест. Интерфакс хабар дод, ки ба сохтмони парлумон чаҳор ҷангӣ ҳамла карданд. РИА Новостӣ мегӯяд, як ҷангии маргталаб дар парлумон таркише анҷом дода ду ҳамлагари дигар ба ин сохтмон ҳуҷум карданд. Тибқи гузоришҳо, раиси маҷлиси Чеченистон Дукуваха Абдураҳмонов бидуни осебе аз дохили сохтмон берун бароварда шуд. Итар-Тасс мегӯяд, ки ҳоло вазъият таҳти контроли сохторҳои қудратӣ гирифта шудааст. Вазири умури дохила Рашид Нургалиев, ки дар Грозний ба сар мебарад, бо раиси ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров нишасти изтирорӣ доир кард.
XS
SM
MD
LG